Mon

26

May

2014

Суханронии дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба муносибати солрӯзи Иди муқовимат

17- тоҷикӣ (Tajik)

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Иди муқовимат ва озодсозии ҷануби ин кишвар, иди миллати Лубнон ва уммати исломӣ аст.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон асри якшанбе дар суханоне ба муносибати чаҳордаҳумин солгарди пирӯзии муқовимат бар режими саҳюнистӣ ва хуруҷи ин режим аз ҷануби Лубнон, таъкид кард, ин пирӯзӣ поя ва асоси пирӯзиҳои дигар буд ва сабаб шуд то пуожаи Ховари Миёнаи нави Амрико ва Исроил ба шикаст бианҷомад.

Насруллоҳ тасреҳ кард, пирӯзии муқовимат муқобили режими Исроил, пирӯзии лубнонӣ, арабӣ ва исломӣ аст ва ҳеч гурӯҳе наметавонад муддаии он бошад, ки ин пирӯзӣ аз они ӯ аст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба ин ки фарҳанги муқовимат ва ҷонфишониҳои миллати Лубнон, пирӯзии муқовимат ва озодии Ҷануби ин кишварро мумкин кард, гуфт: Душман ҳар чӣ қадар тавон дошта бошад, дар баробари фарҳанги муқовимат, ночиз ва шикастхурда аст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, имрӯз баъзе мехоҳанд фарҳанги муқовиматро бо шиками дарида ва сари бурида ва ҷиноятҳои дигаре муқоиса кунанд, ки ин зулм ва ҷиноят дар ҳақи ислом ва хиёнат аз сӯи касонеаст, ки даст ба чунин корҳое мезананд.

http://tajik.irib.ir/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80/%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD/item/22582-%D1%81%D1%83%D1%85%D0%B0%D0%BD%D1%80%D0%BE%D0%BD%D0%B8%D0%B8-%D0%B4%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D1%80%D0%B8-%D0%BA%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%B8-%D2%B3%D0%B8%D0%B7%D0%B1%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE%D2%B3%D0%B8-%D0%BB%D1%83%D0%B1%D0%BD%D0%BE%D0%BD-%D0%B1%D0%B0-%D0%BC%D1%83%D0%BD%D0%BE%D1%81%D0%B8%D0%B1%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D1%81%D0%BE%D0%BB%D1%80%D3%AF%D0%B7%D0%B8-%D0%B8%D0%B4%D0%B8-%D0%BC%D1%83%D2%9B%D0%BE%D0%B2%D0%B8%D0%BC%D0%B0%D1%82

Read More 0 Comments

Sun

22

Dec

2013

Таъкиди Сайид Ҳасан Насруллоҳ бар нақши Исроил дар террори Ҳисон Аллақис

20- тоҷикӣ (Tajik)

Дабири кули Ҳизбуллоҳи Лубнон, режими Исроилро омили террори ахири яке аз фармондеҳони аршади ин гурӯҳ муаррифӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи ҷумъа дар суханронии худ дар гиромидошти шуҳадои Ҳизбуллоҳ гуфт: Ҳамаи нишонаҳо ки то кунун дар бораи шаҳодати Ҳисон Аллақис ба даст омада, дахолати режими саҳюнистиро дар ин террор таъйид мекунад ва ин нишонаҳо бар асоси мадорики мустанад таҳия шудаанд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ афзуд: Шаҳид Аллақис афзуд: Яке аз мутафаккирони муқовимат буд ва худи режими саҳюнистӣ ҳам ба ҷанги мутафаккирони муқовимат эътироф карда буд.

Ҳисон Аллақис аз фармондеҳони аршади Ҳизбуллоҳи Лубнон сеюми декабри 2013, назди манзилаш дар ҷануби Бейрут ҳадафи тир қарор гирифт ва ба шаҳодат расид.

Расонаҳои саҳюнистӣ ва созмони ҷосусии режими саҳюнисти зимнан ба ин террор эътироф кардаанд, аммо ин режим дар ҳарос аз интиқоми Ҳизбуллоҳ, монанди ҳамеша даст доштан дар ин иқдоми террористиро рад кардааст.

http://tajik.irib.ir/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80/%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD/item/18778-%D1%82%D0%B0%D1%8A%D0%BA%D0%B8%D0%B4%D0%B8-%D1%81%D0%B0%D0%B9%D0%B8%D0%B4-%D2%B3%D0%B0%D1%81%D0%B0%D0%BD-%D0%BD%D0%B0%D1%81%D1%80%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE%D2%B3-%D0%B1%D0%B0%D1%80-%D0%BD%D0%B0%D2%9B%D1%88%D0%B8-%D0%B8%D1%81%D1%80%D0%BE%D0%B8%D0%BB-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D1%82%D0%B5%D1%80%D1%80%D0%BE%D1%80%D0%B8-%D2%B3%D0%B8%D1%81%D0%BE%D0%BD-%D0%B0%D0%BB%D0%BB%D0%B0%D2%9B%D0%B8%D1%81

Read More 0 Comments

Sat

16

Nov

2013

Исроил аз оянда нигарон аст

15- тоҷикӣ (Tajik)

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнони тарҳи режими саҳюнистӣ дар минтақаро ҷангафрӯзӣ донист ва изҳор дошт, ки Исроил ҳеч гуна тафоҳумеро ки аз ҷанг дар минтақа ҷилавгирӣ кунад, намехоҳад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайид Ҳасан Насруллоҳ чаҳоршанбешаб бо ҳузур дар ҷамъи азодорони ҳусайнӣ дар шаби ошуро дар минтақаи Зоҳияи Бейрут гуфт: Шакке нест ки Исроил аз он чи дар минтақа ва ҷаҳони араб ва ислом аз даргириҳоии байни кишварҳо ва дохил ҳар кишвар ва ҷомеа мегузарад, хурсанд аст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: Тарҳи доими Исроил дар минтақа ин аст, ки минтақа тикка-тикка ва пора-пора шуда ва давлатҳои кӯчак ва заифе бар асоси нажод ё тоифае ташкил шавад ва худаш абарқудрати минтақа бошад ва назароти худро таҳмил кунад.

Насруллоҳ ба музокироти ахири Эрон бо гурӯҳи 5+1 ишора кард ва гуфт, ки Исроил ва Нитанёҳу аз тафоҳуми байни Эрон ва ҷаҳон хашмгин аст.

http://tajik.irib.ir/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80

Read More 0 Comments

Sat

03

Aug

2013

Ҳаргиз аз Фаластин чашм‌пуши намекунем

18- тоҷикӣ (Tajik)

Ба гузориши хабаргузории Форс, Саид Ҳасан Насруллоҳ- дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба муносибати рӯзи Қудс дар миёни мардум ва дар маҷмаъи"Саидулшуҳдо" дар Бейрӯт ҳозир шуд ва ба суханрони дар бораи рӯзи Қудс ва Фаластин пардохт.

Саид Ҳасан Насруллоҳ гуфт: Имрӯз ба эҳё ва бузургдошти рӯзи Қудс бисёр бештар эҳтиёҷ дорем ва Фаластин бояд ба таври комил ба соҳибони аслии он вогузор шавад.

http://tajik.irib.ir/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80/%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD/item/15190-%D0%B4%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D1%80%D0%B8-%D0%BA%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%B8-%D2%B3%D0%B8%D0%B7%D0%B1%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE%D2%B3-%D2%B3%D0%B0%D1%80%D0%B3%D0%B8%D0%B7-%D0%B0%D0%B7-%D1%84%D0%B0%D0%BB%D0%B0%D1%81%D1%82%D0%B8%D0%BD-%D1%87%D0%B0%D1%88%D0%BC%E2%80%8C%D0%BF%D1%83%D1%88%D0%B8-%D0%BD%D0%B0%D0%BC%D0%B5%D0%BA%D1%83%D0%BD%D0%B5%D0%BC

Read More 0 Comments

Thu

25

Jul

2013

Иқдоми Иттиҳодияи Аврупо зидди Ҳизбуллоҳи Лубнон дар чорчуби манофеъи режими Исроил аст

25- тоҷикӣ (Tajik)

Саид Ҳасан Насруллоҳ дар суханронии худ дар вокуниш ба иқдоми Иттиҳодияи Аврупо дар қарор додани шохаи низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар листи террористии худ таъкид кард: нуктаи муҳим ин аст, ки "муқовимат" аз сӯи аҳолӣ ва миллати худ мавриди ҳимоят қарор дорад ва иродаи онҳо ва иззат ва дидгоҳҳои онҳоро дар дифоъ аз сарзамин ва тамомияти арзии онҳо ва муқадароташон баён мекунад.

Насруллоҳ таъкид кард, муқовимат қавоъиди даргириро тағйир дод, пуружаҳои душманро фурӯпошид, усароро озод кард, каромат ва тамомияти арзии Лубнонро бозгардонд ва ин муқовимат ҳамчунон хор дар чашми саҳюнист ва бадхоҳони Лубнон боқӣ хоҳад монд.

http://tajik.irib.ir/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80/%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD/item/14952-%D2%B3%D0%B0%D1%81%D0%B0%D0%BD-%D0%BD%D0%B0%D1%81%D1%80%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE%D2%B3-%D0%B8%D2%9B%D0%B4%D0%BE%D0%BC%D0%B8-%D0%B8%D1%82%D1%82%D0%B8%D2%B3%D0%BE%D0%B4%D0%B8%D1%8F%D0%B8-%D0%B0%D0%B2%D1%80%D1%83%D0%BF%D0%BE-%D0%B7%D0%B8%D0%B4%D0%B4%D0%B8-%D2%B3%D0%B8%D0%B7%D0%B1%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE%D2%B3%D0%B8-%D0%BB%D1%83%D0%B1%D0%BD%D0%BE%D0%BD-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D1%87%D0%BE%D1%80%D1%87%D1%83%D0%B1%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D0%BD%D0%BE%D1%84%D0%B5%D1%8A%D0%B8-%D1%80%D0%B5%D0%B6%D0%B8%D0%BC%D0%B8-%D0%B8%D1%81%D1%80%D0%BE%D0%B8%D0%BB-%D0%B0%D1%81%D1%82

Read More 0 Comments

Sun

21

Jul

2013

Ҳушдори дабири кулли ҳизбуллоҳи Лубнон ба ҳаргӯна моҷароҷуии саҳюнистҳо

21- тоҷикӣ (Tajik)

Дабири кулли ҳизб‌уллоҳи Лубнон гуфт: Исроил дар ҷанги оянда бояд пеш аз ҳамла ба Бейрут, нигарони шҳрҳои шимолии Фаластини ишғолӣ бошад.

Саидҳасан Насруллоҳ  дабири кулли ҳизбуллоҳи Лубнон ҷумъашаб дар сухноне дар маросими ифтори ҳайати ҳимоят аз муқовимати исломӣ афзуд: Имрӯз дигар касе наметавонад бидуни пардохти ҳазина ба Лубнон  таҷовуз кунад.

http://tajik.irib.ir/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80/%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD/item/14759-%D2%B3%D1%83%D1%88%D0%B4%D0%BE%D1%80%D0%B8-%D0%B4%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D1%80%D0%B8-%D0%BA%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%B8-%D2%B3%D0%B8%D0%B7%D0%B1%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE%D2%B3%D0%B8-%D0%BB%D1%83%D0%B1%D0%BD%D0%BE%D0%BD-%D0%B1%D0%B0-%D2%B3%D0%B0%D1%80%D0%B3%D3%AF%D0%BD%D0%B0-%D0%BC%D0%BE%D2%B7%D0%B0%D1%80%D0%BE%D2%B7%D1%83%D0%B8%D0%B8-%D1%81%D0%B0%D2%B3%D1%8E%D0%BD%D0%B8%D1%81%D1%82%D2%B3%D0%BE

Read More 0 Comments

Sun

16

Jun

2013

Табрики Дабири кулли Ҳизб‌уллоҳи Лубнон ба раиси ‌ҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон

тоҷикӣ (Tajik)

IRIB
Ба гузориши шабакаи хабарии Алминори Лубнон , Саид Ҳасани Насруллоҳ, Дабири кулли Ҳизб‌уллоҳи Лубнон рӯзи якшанбе дар паёме , интихоби Ҳасани Руҳонӣ ба унвони раиси ҷумҳури мунтахаби миллати Эрон ба вай ва эрониҳо табрек гуфт.
Дабири кулли Ҳизб‌уллоҳи Лубнон бо ишора ба мизони мушорикат 72 ва ҳафт даҳуми дарсадии мардуми Эрон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, эълом кард : Ҳузӯри густардаи мардуми Эрон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ,ҷашни воқеъи демократия дар ҷаҳон буд.
Ҳасани Руҳонӣ , кондиди ёздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон бо касби 18 миллион 613 ҳазор 329 рай ва касб аксарияти мутлақи оро, раиси ҷумҳурии ҷадид Эрон шуд.
Ёздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон 14 июн 2013 баргузор шуд ва мардуми Эрон ҳузӯр густардае дар ин интихобот доштанд.

http://tajik.irib.ir/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80/%D1%8D%D1%80%D0%BE%D0%BD/item/13769-%D1%82%D0%B0%D0%B1%D1%80%D0%B8%D0%BA%D0%B8-%D0%B4%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D1%80%D0%B8-%D0%BA%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%B8-%D2%B3%D0%B8%D0%B7%D0%B1%E2%80%8C%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE%D2%B3%D0%B8-%D0%BB%D1%83%D0%B1%D0%BD%D0%BE%D0%BD-%D0%B1%D0%B0-%D1%80%D0%B0%D0%B8%D1%81%D0%B8-%E2%80%8C%D2%B7%D1%83%D0%BC%D2%B3%D1%83%D1%80%D0%B8-%D0%BC%D1%83%D0%BD%D1%82%D0%B0%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D1%80%D0%B4%D1%83%D0%BC%D0%B8-%D1%8D%D1%80%D0%BE%D0%BD

Read More 0 Comments

Wed

01

May

2013

Саид Ҳасан Насруллоҳ: дустони Сурия ҳаргиз иҷоза намедиҳанд ин кишвар суқут кунад

12- тоҷикӣ (Tajik)

Саид Ҳасан Насруллоҳ: дустони Сурия ҳаргиз иҷоза намедиҳанд ин кишвар суқут кунад

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: Сурия дустони воқеъӣ дар минтақа ва ҷаҳон дорад, ки ҳаргиз иҷоза нахоҳанд дод Амрико, режими Исроил ё гурӯҳҳои такфирии ин кишварро сарнагун кунанд.

http://tajik.irib.ir/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80/%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD/item/11939-%D1%81%D0%B0%D0%B8%D0%B4-%D2%B3%D0%B0%D1%81%D0%B0%D0%BD-%D0%BD%D0%B0%D1%81%D1%80%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE%D2%B3-%D0%B4%D1%83%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D1%81%D1%83%D1%80%D0%B8%D1%8F-%D2%B3%D0%B0%D1%80%D0%B3%D0%B8%D0%B7-%D0%B8%D2%B7%D0%BE%D0%B7%D0%B0-%D0%BD%D0%B0%D0%BC%D0%B5%D0%B4%D0%B8%D2%B3%D0%B0%D0%BD%D0%B4-%D0%B8%D0%BD-%D0%BA%D0%B8%D1%88%D0%B2%D0%B0%D1%80-%D1%81%D1%83%D2%9B%D1%83%D1%82-%D0%BA%D1%83%D0%BD%D0%B0%D0%B4

Read More 0 Comments