Суханронии дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба муносибати солрӯзи Иди муқовимат

17- тоҷикӣ (Tajik)

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Иди муқовимат ва озодсозии ҷануби ин кишвар, иди миллати Лубнон ва уммати исломӣ аст.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон асри якшанбе дар суханоне ба муносибати чаҳордаҳумин солгарди пирӯзии муқовимат бар режими саҳюнистӣ ва хуруҷи ин режим аз ҷануби Лубнон, таъкид кард, ин пирӯзӣ поя ва асоси пирӯзиҳои дигар буд ва сабаб шуд то пуожаи Ховари Миёнаи нави Амрико ва Исроил ба шикаст бианҷомад.

Насруллоҳ тасреҳ кард, пирӯзии муқовимат муқобили режими Исроил, пирӯзии лубнонӣ, арабӣ ва исломӣ аст ва ҳеч гурӯҳе наметавонад муддаии он бошад, ки ин пирӯзӣ аз они ӯ аст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба ин ки фарҳанги муқовимат ва ҷонфишониҳои миллати Лубнон, пирӯзии муқовимат ва озодии Ҷануби ин кишварро мумкин кард, гуфт: Душман ҳар чӣ қадар тавон дошта бошад, дар баробари фарҳанги муқовимат, ночиз ва шикастхурда аст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, имрӯз баъзе мехоҳанд фарҳанги муқовиматро бо шиками дарида ва сари бурида ва ҷиноятҳои дигаре муқоиса кунанд, ки ин зулм ва ҷиноят дар ҳақи ислом ва хиёнат аз сӯи касонеаст, ки даст ба чунин корҳое мезананд.

http://tajik.irib.ir/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80/%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD/item/22582-%D1%81%D1%83%D1%85%D0%B0%D0%BD%D1%80%D0%BE%D0%BD%D0%B8%D0%B8-%D0%B4%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D1%80%D0%B8-%D0%BA%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%B8-%D2%B3%D0%B8%D0%B7%D0%B1%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE%D2%B3%D0%B8-%D0%BB%D1%83%D0%B1%D0%BD%D0%BE%D0%BD-%D0%B1%D0%B0-%D0%BC%D1%83%D0%BD%D0%BE%D1%81%D0%B8%D0%B1%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D1%81%D0%BE%D0%BB%D1%80%D3%AF%D0%B7%D0%B8-%D0%B8%D0%B4%D0%B8-%D0%BC%D1%83%D2%9B%D0%BE%D0%B2%D0%B8%D0%BC%D0%B0%D1%82

Write a comment

Comments: 0