Таъкиди Сайид Ҳасан Насруллоҳ бар нақши Исроил дар террори Ҳисон Аллақис

20- тоҷикӣ (Tajik)

Дабири кули Ҳизбуллоҳи Лубнон, режими Исроилро омили террори ахири яке аз фармондеҳони аршади ин гурӯҳ муаррифӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи ҷумъа дар суханронии худ дар гиромидошти шуҳадои Ҳизбуллоҳ гуфт: Ҳамаи нишонаҳо ки то кунун дар бораи шаҳодати Ҳисон Аллақис ба даст омада, дахолати режими саҳюнистиро дар ин террор таъйид мекунад ва ин нишонаҳо бар асоси мадорики мустанад таҳия шудаанд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ афзуд: Шаҳид Аллақис афзуд: Яке аз мутафаккирони муқовимат буд ва худи режими саҳюнистӣ ҳам ба ҷанги мутафаккирони муқовимат эътироф карда буд.

Ҳисон Аллақис аз фармондеҳони аршади Ҳизбуллоҳи Лубнон сеюми декабри 2013, назди манзилаш дар ҷануби Бейрут ҳадафи тир қарор гирифт ва ба шаҳодат расид.

Расонаҳои саҳюнистӣ ва созмони ҷосусии режими саҳюнисти зимнан ба ин террор эътироф кардаанд, аммо ин режим дар ҳарос аз интиқоми Ҳизбуллоҳ, монанди ҳамеша даст доштан дар ин иқдоми террористиро рад кардааст.

http://tajik.irib.ir/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80/%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD/item/18778-%D1%82%D0%B0%D1%8A%D0%BA%D0%B8%D0%B4%D0%B8-%D1%81%D0%B0%D0%B9%D0%B8%D0%B4-%D2%B3%D0%B0%D1%81%D0%B0%D0%BD-%D0%BD%D0%B0%D1%81%D1%80%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE%D2%B3-%D0%B1%D0%B0%D1%80-%D0%BD%D0%B0%D2%9B%D1%88%D0%B8-%D0%B8%D1%81%D1%80%D0%BE%D0%B8%D0%BB-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D1%82%D0%B5%D1%80%D1%80%D0%BE%D1%80%D0%B8-%D2%B3%D0%B8%D1%81%D0%BE%D0%BD-%D0%B0%D0%BB%D0%BB%D0%B0%D2%9B%D0%B8%D1%81

Write a comment

Comments: 0