Sat

16

Nov

2013

Исроил аз оянда нигарон аст

15- тоҷикӣ (Tajik)

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнони тарҳи режими саҳюнистӣ дар минтақаро ҷангафрӯзӣ донист ва изҳор дошт, ки Исроил ҳеч гуна тафоҳумеро ки аз ҷанг дар минтақа ҷилавгирӣ кунад, намехоҳад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайид Ҳасан Насруллоҳ чаҳоршанбешаб бо ҳузур дар ҷамъи азодорони ҳусайнӣ дар шаби ошуро дар минтақаи Зоҳияи Бейрут гуфт: Шакке нест ки Исроил аз он чи дар минтақа ва ҷаҳони араб ва ислом аз даргириҳоии байни кишварҳо ва дохил ҳар кишвар ва ҷомеа мегузарад, хурсанд аст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: Тарҳи доими Исроил дар минтақа ин аст, ки минтақа тикка-тикка ва пора-пора шуда ва давлатҳои кӯчак ва заифе бар асоси нажод ё тоифае ташкил шавад ва худаш абарқудрати минтақа бошад ва назароти худро таҳмил кунад.

Насруллоҳ ба музокироти ахири Эрон бо гурӯҳи 5+1 ишора кард ва гуфт, ки Исроил ва Нитанёҳу аз тафоҳуми байни Эрон ва ҷаҳон хашмгин аст.

http://tajik.irib.ir/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80

Write a comment

Comments: 0