Табрики Дабири кулли Ҳизб‌уллоҳи Лубнон ба раиси ‌ҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон

тоҷикӣ (Tajik)

IRIB
Ба гузориши шабакаи хабарии Алминори Лубнон , Саид Ҳасани Насруллоҳ, Дабири кулли Ҳизб‌уллоҳи Лубнон рӯзи якшанбе дар паёме , интихоби Ҳасани Руҳонӣ ба унвони раиси ҷумҳури мунтахаби миллати Эрон ба вай ва эрониҳо табрек гуфт.
Дабири кулли Ҳизб‌уллоҳи Лубнон бо ишора ба мизони мушорикат 72 ва ҳафт даҳуми дарсадии мардуми Эрон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, эълом кард : Ҳузӯри густардаи мардуми Эрон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ,ҷашни воқеъи демократия дар ҷаҳон буд.
Ҳасани Руҳонӣ , кондиди ёздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон бо касби 18 миллион 613 ҳазор 329 рай ва касб аксарияти мутлақи оро, раиси ҷумҳурии ҷадид Эрон шуд.
Ёздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон 14 июн 2013 баргузор шуд ва мардуми Эрон ҳузӯр густардае дар ин интихобот доштанд.

http://tajik.irib.ir/%D0%B0%D1%85%D0%B1%D0%BE%D1%80/%D1%8D%D1%80%D0%BE%D0%BD/item/13769-%D1%82%D0%B0%D0%B1%D1%80%D0%B8%D0%BA%D0%B8-%D0%B4%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D1%80%D0%B8-%D0%BA%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%B8-%D2%B3%D0%B8%D0%B7%D0%B1%E2%80%8C%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE%D2%B3%D0%B8-%D0%BB%D1%83%D0%B1%D0%BD%D0%BE%D0%BD-%D0%B1%D0%B0-%D1%80%D0%B0%D0%B8%D1%81%D0%B8-%E2%80%8C%D2%B7%D1%83%D0%BC%D2%B3%D1%83%D1%80%D0%B8-%D0%BC%D1%83%D0%BD%D1%82%D0%B0%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D1%80%D0%B4%D1%83%D0%BC%D0%B8-%D1%8D%D1%80%D0%BE%D0%BD

Write a comment

Comments: 0